Қабули шаҳрвандон дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз

image_pdfimage_print

Санаи 3-уми феврали соли 2020 бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар доираи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз қабули шаҳрвандони сайёр ташкил ва баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ иштирок намуда, ҳар як муроҷиати сокинони Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандозро дар доираи чаҳорчубаи қонунҳои амалкунанда мавриди баррасӣ қарор дод.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ дар баробари қабули шаҳрвандон аз вазъияти зисту зиндагонии мардум огоҳ шуда, бо фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, томактабӣ, соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ низ шинос гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастурҳои мушаххас дод.
Инчунин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз чун анъана собиқадорони меҳнатро аёдат намуд, бо пирони рӯзгор суҳбати самимӣ анҷом дод. Дар аснои суҳбат зикр шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони меҳнат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо мунтазам ғамхорӣ менамоянд.
Собиқадорони меҳнат барои ғамхориҳои доимӣ сипосмандии худро баён дошта, миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд.