ҚАДРШИНОСИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…”

Ҳафтаи сипаригашта дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маросими тантанавии супориданни диплому мукофотпулиҳо ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” баргузор гардид.
Дар он иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ, муовини аввали Раиси ноҳия Файзулло Қосимӣ, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Сафарзода Амир, роҳбарон ва кормандони шуъбаву бахшҳои МИҲД, бахши фарҳанг ва китобхонаҳо, инчунин хонадагони муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзиданд.
Ҷамъомадро муовини аввали Раиси ноҳия Файзулло Қосимӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру навоҳии кишварамон озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ..” баргузор гардид. Ҳамчунин дар ноҳияи мо давраи аввалини озмуни мазкур ҷамъбаст шуда, ғолибон ва иштирокчиёни фаъол муносиб қадрдонӣ карда мешаванд.
Тибқи натиҷаҳои даври ноҳиявии озмун аз номинатсияи адабиёти классикӣ: Меҳрангез Алишерзода (ҷойи 1-ум), Ҳусанбой Дадабоев (ҷойи 2-юм), Маҳина Ҷӯраева (ҷойи 3-юм); аз номинатсияи адабиёти муосир Севинч Қаҳҳорова (ҷойи 1-ум), Ширин Отамуродова (ҷойи 2-юм), Мавзуна Назирова (ҷойи 3-юм); аз номинатсияи ривояту афсонаҳо Нилуфар Раҳматуллоева (ҷойи 1-ум), Сабрина Раҷабзода (ҷойи 2-юм), Диёрбек Отабоев (ҷойи 3-юм); аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон Олга Ҷӯраева (ҷойи 1-ум), Азиз Набиев (ҷойи 2-юм), Дадоқӯзи Абдуллоев (ҷойи 3-юм) бо диплому мукофотпулиҳои дахлдор қадрдонӣ карда шуданд.
Шоҳҷоизаи озмун ба Бобошавқ Қурбонзода насиб гашта, ӯ бо диплом ва мукофотпулӣ ба маблағи 1000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.
Дар поёни тантана соҳиби шоҳҷоиза Б.Қурбонзода сухан гирифта, ба Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ба Раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ аз номи ҳамаи иштирокчиёни озмун изҳори миннатдорӣ намуд.