Ҳамдиёрони азиз!

Дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон ҳамасола санаи 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи қабули санади сарнавиштсози давлату миллат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат, ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро, хусусан шахсоне, ки дар барқароркунии сохти конститутсионӣ иштирок намуданд, бо фарорасии ин санаи фархунда табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми шумо тинҷию осудагӣ, ба ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ, пешравию тараққиёт орзу менамоям.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таърихии ин санади тақдирсозро дар таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон, ки низоми давлатдориро муайян ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад, чунин таъкид намудаанд: «Дар Конститутсия таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон вазифаи давлат эълон шуда, дар айни замон ба хотири ҳимояи ин арзишҳои конститутсионӣ ва ташаккули муназзаму муътадили давлати навини тоҷикон тағйирнопазир будани шакли идораи кишвар, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат, аз ҷумлаи мақсадҳои бунёдии Конститутсия эътироф гардид».
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ, дарвоқеъ, таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад. Мувофиқи таҳлили коршиносони созмонҳои байналҳалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар радифи конститутсияҳои беҳтарини дунё эътироф гардидааст.
Агар ба таърихи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо нигоҳи таҳқиқ нигарем, мебинем, ки ҳамаи пешрафту дастовардҳои бузурги мо асосан ба давраи пас аз қабули Конститутсияи навин рост меоянд. Хомӯш шудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, барбод рафтани нақшаҳои бадхоҳони миллату давлат, истиқрори сулҳу ваҳдати комил, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, гиромидошти хизмату хотироти қаҳрамонҳои миллат, ташаккулу такомули худшиносии миллӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, таъсиси парлумони касбӣ, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол аз бузургтарин неъматҳои даврони амал намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки албатта тавассути сиёсати оқилонаю созандаи ҳомии Конститутсия ва арзишҳои конститутсионӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби тоҷикистониёни саодатманд гардид.
Шукронаи онро мекунем, ки баъд аз қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Тоҷикистони азизамон тинҷиву оромӣ ҳукмфармост.
Боиси қайд ва шодию нишот аст, ки бахшида ба 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо дастгирии бевоситаи муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода яке аз рамзҳои давлатӣ, хиёбони Нишони давлатӣ бо баландии 24 метр қад афрохт. Дар ифтитоҳи иншооти мазкур иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сарбаланди ноҳияро сарфароз гардонид.
Ҳозирини гиромӣ!
Шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва торафт зиёд гардидани хатарҳои терроризму экстремизм тақозо мекунад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар ҷиҳати риояи меъёрҳои Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда саъю талош намояд.
Мо бояд дарк намоем, ки Конститутсия ва дар маҷмӯъ ҳама қонунҳо кафили сулҳу субот, воситаи муҳими таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқӣ мебошанд.
Дар шароити пуртазоди дунёи имрӯза мо танҳо бо ҳамин роҳ метавонем, ки татбиқи ҳадафҳои неку созандаи пешгирифтаи давлати ҳуқуқбунёду демократии худро таъмин кунем ва заминаҳои адолати иҷтимоиро дар кишварамон тақвият бахшем. Ҳамаи моро зарур аст, ки қадру манзалати сулҳу оромиро хуб дарк намуда, дар доираи Конститутсия ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон талош варзем.
Бо ҳамин ниятҳои нек, бори дигар, мардуми шарафманди ноҳияро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки номаи сарнавишти давлату давлатдории навини халқи мо мебошад, табрик гуфта, ба ҳар кадоматон хушбахтиву саодат ва рӯзгори ободу осуда, зиндагии шоиста ва сарбаландӣ орзу менамоям.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!