Ҳифзи саломатии сокинонро дар мадди аввал мегузорем

image_pdfimage_print

Санаи 27-уми июли соли 2020 тибқи супориши раиси ноҳия муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии ноҳия бо мақсади пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ва безараргардонӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли бемориҳои сироятии коронавирус, ҳамчунин риоя намудани масофа, бе ниқоб гаштугузор накардан дар ҳудуди бозори «Ашроф», нақлиётҳои мусофиркаш, мағозаи «Бейбӣ» ва бозори марказии Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро гузарониданд. Чунин корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ мунтазам идома доранд.