АРТИШ СИПАРИ ДАВЛАТ АСТ.

Санаи 22 феврали соли 2020 дар қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳия чорабинии идона бахшида ба муносибати 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабинии мазкур иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Қудратзода, ҳамчунин кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, кормандони шуъбаи вазорати корҳои дохили дар ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, муассисаю хоҷагиҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар таклифшудагон иштирок доштаанд.
Дар чорабини мазкур Тоҳир Қудратзода аҳли толор ва мардуми шарафманди ноҳияро ба муносибати 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд. Дар давоми чорабинӣ ба баталёни 1-уми зудамали қисми ҳарбии 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давоатии ноҳия 1 адад компютер бо принтер дода шуд. Инчунин 6 нафар хизматчиёнӣ ҳарбӣ, 4 нафар иштирокчиёни сохти конститутсионӣ ва 7 нафар ҷанговарони байналмиллал бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин бахшида ба муносибати 27-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмҳои низомии дар қаламрави ноҳия буда мусобиқаҳои варзишӣ ташкил карда шуда ба онҳо аз тарафи Раиси ноҳия маводҳои хӯрокворӣ дастрас карда шуд. Ба оилаҳое, ки дар барқароркунии сохти конститутсионӣ ҷон бохтаанд аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Тоҳир Қудратзода аёдат карда шуд.