Ба хотири таъмини солимии сокинон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои тамизкунӣ пурзӯр гардида истодааст

Санаи 21 майи соли 2020 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус «COVID-19» кормандони Беморхонаи марказии ноҳия истифода аз балангӯяк сокинони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро бе зарурат набаромадан аз ҷойи зист даъват намуда, таъкид намуданд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, бахусус риоя кардани масофаи байниҳамдигарӣ, тез-тез шустани дастон, пӯшидани ниқоби тиббӣ, худдорӣ кардан аз нӯшидани нушокиҳои хунук, худдорӣ намудани кӯчабороии шахсони аз 65-сола боло, фарбеҳ, гирифтори бемории илтиҳоби шуш ва қанд аз талаботҳои пешгирӣ аз сироятии беморӣ мебошанд. Дар айни ҳол таъкид карда шуд, ки ба ягон таҳлука ё воҳима роҳ надода бояд ьар як шахс ба гигиенаи шахс риоя намуда, худ ва атрофиёнро аз ин бемории сироятц эмин нигоь дорад.