Бо мақсади дар амал татбиқ намудани банди 7 ва зербанди 14

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани банди 7 ва зербанди 14 «Барномаи маҳаллии маҷмӯи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2017-2021» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, инчунин бо дасгирии иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия муҳтарам Тоҳир Қудратзода санаҳои 2 то 4 марти соли 2020 дар толори «Чемпион»-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳия мусобиќаи ноҳиявӣ оид ба волебол байни бонувони корхонаву идораҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия доир гардид.
Дар мусобиқаи мазкур дастаи варзишгарбонувони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ноҳия сазовори ҷойи якум, беморхонаи физиотерапевтии вилояти Суғд дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз сазовори ҷойи дуюм ва Колеҷи муҳандиси омӯзгори ғолиби Ҷойи сеюм гардиданд, ки бо диплом, медал ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш дар ҷоема, ҷалби ҷавонондухтарон ва бонувон ба намуди варзиши волейбол ва мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ онҳо мебошад.