Дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов дар 4 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ ташкил карда мешавад

image_pdfimage_print

Дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ибтикори Корпоратсияи “Моҳии тоҷик” дар масоҳати 4 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ ташкил карда мешавад. Дар ин бора зимни муаррифии лоиҳаи ҳавзҳои моҳипарварӣ ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд.Корпоратсияи “Моҳии тоҷик” тасмим дорад, ки бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди моҳипарварӣ ва афзун намдуни ҳаҷми истеҳсоли гӯшти моҳӣ дар вилоят дар масоҳати 4 гектар 20 ҳавзи моҳипарварӣ бунёд созад. Ҳавзҳои моҳипарварӣ бо риояи стандартҳои замони муосир сохта шуда, дар онҳо парвариши гулмоҳӣ ба роҳ монда мешавад.Раиси вилоят бунёди ҳавзҳои моҳипарвариро ҷиҳати рушди соҳа муҳим арзёбӣ карда, ташкили чунин ҳавзҳоро дар дигар минтақаҳои вилоят низ зарур шуморид. Таъкид гардид, ки дар вилоят барои рушди моҳипарварӣ имконоти зиёд мавҷуд буда, сол ба сол теъдоди хоҷагиҳои моҳипарвар афзоиш ёфта истодааст.Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилоят ҳамзамон аз ҳавзҳои моҳипарварии соҳибкорони маҳаллӣ шинос гардида, барои афзун намудани теъдоди моҳӣ ва ҳавзҳо тавсияҳо дод.