Дар корхонаи хиштбарории автоматикии ҶДММ “Хишти Гулхона” то 50 нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд

image_pdfimage_print

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони корхонаи нави хиштбарорӣ шинос гардид.Чуноне иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонии корхонаи хиштбарории автоматикии ҶДММ “Хишти Гулхона” соли 2019 оғоз шудааст. Корхона дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкор Нуъмон Розиқов бунёд гардида, дар он аз 40 то 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд. Соҳибкор бо бунёди корхонаи нав мехоҳад саҳми худро барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар гузорад.Таҷҳизоти корхонаи хиштбарории автоматикии ҶДММ “Хишти Гулхона” аз Ҷумҳурии мардумии Чин ворид карда шуда, айни ҳол корҳои васлкунии таҷҳизот идома дорад.Сохтмони корхонаи мазкур ба маблағи умумии 1,5 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 70 фисади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. Корхона метавонад дар як сол то 5 миллион дона хишт истеҳсол кунад.Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ ва васлкунии таҷҳизот таъкид кард, ки давлату Ҳукумати мамлакат барои соҳибкорон шароити созгор фароҳам овардааст. Соҳибкорон бо истифода аз имтиёзҳои мавҷуда барои рушди соҳаи саноат ҳиссагузорӣ намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода истодаанд, ки ин боиси хушҳолӣ аст.Ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифати корҳо, омӯзиши бозори фурӯши маҳсулот ва дар оянда ташкил намудани ҷойҳои иловагии корӣ тасвияҳои судманд дода шуд.