Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

•E-mail• •Print• •PDF•
•There are no translations available.•

28 декабри соли 2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлиси ҳукумат нахуст масъала “Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” ва Оид ба  таҳияи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2020-2022 ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар  бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020” гузориши Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода шунида шуд.

Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода гузориш дод.

Сипас, аз ҷониби аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои қонунҳо Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, баррасӣ ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуданд.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати кишвар инчунин масъалаҳо Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030, Дар бораи Тартиби додани кафолатҳо ба кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки бевосита дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок менамоянд ва Номгӯйи кормандони тиб ва дигар кормандоне, ки бевосита дар расонидани кумаки зидди бемории сил иштирок менамоянд ва Дар бораи таъсис додани муассисаи давлатии “Бизнес-инкубатори Тоҷикистон”, муҳокима гардида, вобаста ба татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо, нишондиҳандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифадор намуданд.

Дастуру супоришҳои дигар доир ба вусъати корҳои ободониву созандагӣ, ҷамъбасти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2018, омодагӣ ба гузаронидани фасли зимистон, таъмини бемайлони аҳолӣ ва иншооти хоҷагии халқи мамлакат бо барқу гармӣ, захираи маводи кофии сӯхт, дода шуданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 

ҲАМКОРОН