Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, даъвати шашум

image_pdfimage_print

Санаи 13-уми октябри соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов иҷлосияи чоруми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, даъвати шашум баргузор гардид. Дар кори иҷлосия раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ вакилони халқ ва дигар шахсоне, ки ба рӯзномаи иҷлосия таълуқ доранд иштирок намуданд. Дар оғоз ва анҷоми иҷлосияи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Дар кори иҷлосия фақат як масъала «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети ноҳия барои соли 2020» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамчунин дар рафти иҷлосия бо розии вакилон сардори Раёсати молияи ноҳия Каримзода Насим Азимӣ оиди рӯзномаи иҷлосия суханронӣ намуд.Он масъалаҳое, ки ба рӯзномаи иҷлосияи чоруми ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, даъвати шашум пешниҳод шуда буданд, баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.