Иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, даъвати шашум

image_pdfimage_print

Санаи 19-уми октябри соли 2020-ум соати 09:00 тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.Дар кори иҷлосия муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони ба масъалаҳои иҷлосия дахлдор иштирок доштанд.Ҳамчунин дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Исомаддинзода Саидамин – сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд иштирок намуд. Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро оғоз намуда, дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:- дар бораи рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 8-уми феврали соли 2012, таҳти №101 «Оид ба татбиқ намудани Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020» дар ноҳия;- ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Ғалаба» №5 Асадова Саёҳат Мирмансуровна;- ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон;- тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия. Баъд аз тасдиқ шудани регламенти иҷлосия, аз рӯи масъалаи якуми иҷлосия бо розигии вакилон маърӯзаи муовини раиси ноҳия Муталибзода Зумрад Муталиб шунида шуд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома дар музокира бо розигии вакилон сартабиби Беморхонаи марказии ноҳия Раҳимов Ҷамолиддин Халилович ва роҳбари кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия Негматов Мизроб Расулович баромад намуданд.Сипас аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии «Ғалаба» №5 Асадова Саёҳат Мирмансуровна шунида шуд.Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи раиси комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳати омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занон, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Б.Ғафуров» №3 Раҳматуллоев Дилмурод Суннатуллоевич шунида шуд.Аз рӯи масъалаи чоруми рӯзнома раиси маҷлис суханронӣ намуда аз тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия вакилонро ёдрас кард ва таъкид намуд, ки қарорҳои раиси ноҳия аз 16 июн то 16 октябри соли 2020 қабул шудаанд, вобаста ба моликияти давлатӣ, масъалаҳои кадрӣ ва вобаста ба ҷудо намудани маблағҳо барои пардохт намудани маблағи корҳои сохтмонии иҷрогардида, идомаи корҳои сохтмону азнавбарқароркунӣ, кабудизоркунию ободонӣ, лоиҳавию тадқиқотӣ, гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ ва озмунҳои ноҳиявӣ ва маблағгузории хароҷотҳои дигари иловагӣ вобаста ба ташкили фаъолияти ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ қабул шудаанд. Мувофиқи лоиҳаи қарори иҷлосия қарорҳои раиси ноҳия тасдиқ карда шуданд.Доири ҳамаи масъалаҳое, ки дар рӯзномаи иҷлосия ҷой доштанд, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Исомаддинзода Саидамин – сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд ба сухан баромада, нисбати кори иҷлосия ва масъалаҳои дар рӯзномаи иҷлосия баррасигашта фикру мулоҳизаҳои худро баён намуд.Раиси Маҷлис баъд аз суханронии намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашумро пӯшида гуфта эълон намуд.Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод ва ба кори иҷлосия хотима бахшид. Иҷлосия дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид.