Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов даъвати шашум

image_pdfimage_print

Санаи 17-уми июни соли 2020-ум тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.Дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Каримзода Рустам – муовини Раиси вилояти Суғд, ҳамчунин муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони ба масъалаҳои иҷлосия дахлдор иштирок намуданд. Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро оғоз намуда, дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:- оид ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз санаи 9 ноябри соли 2010, таҳти №539 «Дар бораи татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» дар ноҳия;- ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Ш.Шоҳин» №4 Расулзода Шаҳноза Холиқ;- оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ; – тасдиқи қарору амрҳои раиси ноҳия. Оиди ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муҳтарам Каримзода Рустам – муовини Раиси вилоят ба сухан баромада, нисбати кори иҷлосия ва масъалаҳои дар рӯзномаи иҷлосия баррасигашта фикру мулоҳизаҳои худро баён намуд.Раиси Маҷлис баъд аз суханронии намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашумро пӯшида гуфта эълон намуд.Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод ва ба кори иҷлосия хотима бахшид. Иҷлосия дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид.