Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов, даъвати шашум

image_pdfimage_print

Санаи 30-уми декабри соли 2020 тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор гардид.Дар кори иҷлосия муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохторӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони ба масъалаҳои иҷлосия дахлдор иштирок доштанд.Ҳамчунин дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек – сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок намуд. Иҷлосия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро оғоз намуда, дар он масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:- ҳисоботи раиси ноҳия «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли 2020»; – тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2021 ва ҳисобот оиди иҷроиши буҷети ноҳия дар соли 2019;- ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет;- дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани фаъолияти вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «С.Айнӣ» №20 Шералиев Шерафган Набиевич;- дар бораи таъин намудани интихобот ба ҷойи вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «С.Айнӣ» №20;- дар бораи ташкили комиссияи ноҳиявӣ оид ба ташкил ва гузаронидани интихобот дар ҳавзаи интихоботии «С.Айнӣ» №20-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба ҷойи вакили хориҷшуда;- ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Паҳлавӣ» №23 Рустамзода Қумринисо;- дар бораи тасдиқ намудани «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025»;- дар бораи тасдиқ намудани нақшаи муфассали таҳрезӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз;- тасдиқи қарору амрҳои раиси ноҳия. Доир ба ҳамаи масъалаҳое, ки дар рӯзномаи иҷлосия ҷой доштанд, шахсони масъул баромад намуданд ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек – сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба сухан баромада, нисбати кори иҷлосия ва масъалаҳои дар рӯзномаи иҷлосия баррасигашта фикру мулоҳизаҳои худро баён намуд.Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод ва ба кори иҷлосия хотима бахшид. Иҷлосия дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардид.