Кишти картошка ва ниҳолҳои мевадиҳанда дар муассисаҳои таълимӣ идома дорад

image_pdfimage_print

Санаи 13 феврали соли 2021 раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 ташриф оварда аз рафти корҳои кишти картошка дидан намуда, ба боғи муассисаи мазкур ниҳолҳои мевадиҳанда шинониданд.Сипас, раиси ноҳия аз бинои маъмурии шуъбаи маориф, ки корҳои сохтмониаш идома дорад дидан намуда, ба масъулини соҳа баҳри вусъат додани корҳои ободониву бунёдкорӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Дар маъракаи мазкур муовини раиси ноҳия Муталибзода Зумрад, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Сафарзода Амир, раиси Ҷамоати шаҳраки Меҳробод Назиров Беҳрӯз, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шодиев Абдуҷалил ва мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Каримзода Фарҳод низ иштирок намуданд.