Маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар нуҳ моҳи соли 2020

image_pdfimage_print

Санаи 19-уми октябри соли 2020-ум, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси фаъолон оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2020 доир гардид.Дар маҷлиси фаъолон муовинон ва дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, намояндагони воситаҳои ахбори умум иштирок карданд.Ҳамчунин дар маҷлиси фаъолон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд Исомаддинзода Саидамин иштирок доштанд.Дар маҷлиси фаъолон як масъала «Дар бораи ҷамъбасти нишонидиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нӯҳ моҳи соли 2020» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Баъд аз тасдиқ шудани регламенти маҷлиси фаъолон аз рӯи масъалаи рӯзнома «Дар бораи ҷамъбасти нишонидиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нӯҳ моҳи соли 2020» муовини раиси ноҳия Муталибзода Зумрад Муталиб баромад намуд. Доир ба масъалаи мазкур Отамуродзода Т. – муовини раиси ноҳия, Муминов П. – сардори нозироти андози ноҳия, Шодиев А. – мудири шуъбаи маорифи ноҳия ва Умурзоқов Ф. – сардори қитъаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳия ба музокира баромаданд.Дар давоми маҷлиси фаъолон аз Азизӣ Шаҳриёр – сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия, Каримзода Насим – сардори Раёсати молияи ноҳия, Қобилов Фарҳод – сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, Тоҳирзода Умед – комиссари ҳарбии ноҳия, Саидзода Валӣ – мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба тариқи саволу ҷавоб пурсиш ба амал оварда шуд. Сипас, Исомаддинзода Саидамин – сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд оиди ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2020 ва натиҷаҳои дар ҳамин самт ба даст овардашуда ва камбудиҳои ҷойдошта баромад намуданд.Дар охири маҷлиси фаъолон аз тарафи раиси ноҳия баҳри бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани соли 2020-ум ба роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони Ҷамоатҳо, ташкилоту муассисаҳои ноҳия вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.Бо ҳамин маҷлиси фаъолони ноҳия доир ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2020 ба кори худ хотима бахшид.