Маҷлиси фаъолони ноҳия доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2020

Санаи 8 июли соли 2020 тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси фаъолони ноҳия доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2020 баргузор гардид.Дар маҷлиси фаъолони ноҳия муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони Раёсату кумитаҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва дигар шахсони ба масъалаҳои маҷлис дахлдор иштирок доштанд.Ҳамчунин дар маҷлиси фаъолон ба сифати намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин иштирок доштанд.Дар маҷлиси фаъолон як масъала ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Доир ба ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2020 муовини раиси ноҳия Муталибзода Зумрад Муталиб маърӯза намуд.Аз муовини якуми раиси ноҳия Файзулло Қосимӣ, муовинони раиси ноҳия Отамуродзода Туйчибой ва Муталибзода Зумрад, сардори нозироти андоз дар ноҳия Орипов Шамсимаҳмад, раиси кумитаи идораи замини ноҳия Хайруллозода Дилмурод, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Султонзода Бахтиёр, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Шодиев Абдуҷалил, сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Зикрияев Шавкат, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Маъруфзода Маъбуд, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилзода Рустам ба тариқи саволу ҷавоб пурсиш ба амал оварда шуд. Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек Киромиддин оиди натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ва натиҷаҳои дар ҳамин самт ба даст овардашуда ва камбудиҳои ҷойдошта баромад намуд.Ҳамчунин дар давоми маҷлиси фаъолон барои ҷамбасти натиҷаи мусобиқаҳои меҳнатӣ оид ба кишти пахта ва тайёр намудани пилла сухан ба раиси кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии ноҳия Устопиров Усто дода шуд. Дар давоми баромад таъкид гардида, ки як чанд нафар фаъолони соҳаи кишоварзӣ оид ба кишти пахта ва тайёр намудани пилла саҳми арзанда гузоштанд, ки барои онҳо тӯҳфаҳои хотирвӣ ва сипоснома тақдим гардид. Дар сухани ҷамъбастӣ раиси ноҳия дар назди фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.Пас аз баитмомрасии вазифагузориҳои раиси ноҳия маҷлиси фаъолони ноҳия доир ба ҷамъбасти фаъолияти иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2020 ба кори худ хотима бахшид.