Модар офарандаи ҳаёт!

Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат – ҷашни фархундаи Рӯзи модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба тифлаш ёд медиҳад, фарзанди хешро бо ҳазор нияту орзуҳои нек ба воя мерасонад.
Санаи 6-уми марти соли 2020 дар қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳия ба муносибати «Рӯзи модар» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия муҳтарам Қудратзода Тоҳир, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муҳтарам Ёқубзода Баҳодур сардори идораи хӯроквории вилояти Суғд, намояндагони мақомотҳои қудрати, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ва занону духтарони фаъоли ноҳия ва дигар таклифшудагон иштирок доштанд.
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муҳтарам Ёқубзода Баҳодур ба сухан баромада ба муносибати «Рӯзи модар» ҳозиринро табрик намуданд.
Инчунин дар давоми чорабинӣ аз тарафи раиси ноҳия ба як қатор бонувони фаъоли ноҳия барои фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои тоза дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бахшида ба «Рӯзи модар» 10 нафар бонувон бо Сипосномаву туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва 560 нафар бонувон бо туҳфаҳои хотировӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ гардид.