Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов

image_pdfimage_print

Дар идомаи мулоқотҳои худ бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода рӯзи 22 апрел бо фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов мулоқот орост.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки роҳбарияти ноҳия ва фаъолонро зарур аст, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самараноки замин аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.

Зикр карда шуд, ки дар ноҳия барои кишт ва истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ имкониятҳо мавҷуд аст ва танҳо сокинон бояд замини дар ихтиёрдоштаи хешро самарнок истифода намоянд.

Ба иттилои масъулин дар ноҳия беш аз 13​ 000 гектар замини корами обӣ вуҷуд дошта, ​ дар зиёда аз 10​ 000 гектари он кишти баҳорӣ гузаронида мешавад.

Масоҳати замини наздиҳавлигии сокинон 3260 гектар ва замини хоҷагиҳои ёрирасон 1155 гектарро ташкил мекунад, ки дар сурати оқилонаву самаранок истифода бурдани онҳо иловатан метавон 10 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол кард.

Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки сокинони ноҳия дар истифодаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таҷрибаи хуб доранд ва аз тарафи бархе деҳқонон дар як сол то се-чор маротиба ҳосил гирифта мешавад. Ин таҷрибаи нек бояд миёни ҳамаи аҳолӣ роиҷ гардад ва мардум бо ба даст овардани ҳосили дилхоҳ бояд сатҳи зиндагии хешро беҳтар созад.

Дар охири мулоқот ба масъулин баҳри иҷрои саривақтии супоришҳои Сарвари давлат, истифодаи оқилонаву самараноки замин, қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, дасти кӯмак дароз кардан ба ятимону ниёзмандон дар моҳи шарифи Рамазон супоришҳо дода шуд.