Ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи чиниши пахтаро иҷро намуд

image_pdfimage_print

Санаи 8-уми ноябри соли 2020 заркорони ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро намуданд.Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Тоҳир Қудратзода “Муждаи зафар”-ро ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расонида, иттилоъ дод, ки пахтакорони ноҳия то ба санаи 8 ноябр 12254 тонна пахтаро ба хирман супориданд, ки ба 100,1 дарсади нақша баробар аст. Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов соли равон дар 5797 гектар пахта кишт гардида, нақшаи истеҳсол 12240 тонна муқаррар гардида буд. Пахтакорони ноҳия барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ пайваста меҳнат карда, дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ нақшаи истеҳсоли пахтаро пурра иҷро намуданд.Ёдовар бояд шуд, ки қабл аз ин кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ ва шаҳри Конибодом низ аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта гузориш дода буданд.Ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷараён дошта, то 9 ноябр нақшаи истеҳсоли пахта дар вилоят 94,1 дарсад иҷро шудааст ва пахтакорони вилоят то имрӯз 121 ҳазору 874,9 тонна пахта истеҳсол кардаанд.