Оила бехушунат зебост

image_pdfimage_print

Санаи 4-уми декабри соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов семинар –машварат таҳти унвони “Оила бехушунат зебост” бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, иҷрои “Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” баргузор гардид. Семинар – машваратро муовини раиси ноҳия Муталибзода Зумрад ҳусни оғоз бахшида, оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила суханронӣ намуданд. Дар кори семинар мудири бахши кор бо занон, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия, раисони Шӯрои занони Ҷамоатҳо, фаъолзанони саҳаҳои маорифу тандурустӣ иштирок намуда фикру ақидаи худро баён намуданд. Дар рафти семинар аз тарафи намояндаи ташкилоти ҷамъиятии Маркази иҷтимоии ҳуқуқии “Сарчашма” ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд. Ҳамчунин дар рафти семинар ба иштирокчиён слайдҳо, видеороликҳо ва наворҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила намоиш дода шуд.