Паёми табрикоти Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ бахшида ба 28 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

image_pdfimage_print

Муҳтарам афсарон ва сарбозон,
собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Имрӯз мо дар арафаи ҷашнгирии бистуҳаштумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон қарор дорем.Бо як рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи Ватани соҳибистиқлоламон бо камоли ифтихор ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни бисту ҳаштумин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр аз номи Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия табрику таҳният гуфта, ба шумоён тансиҳатии комил, хонаи ободу саодати рузгор ва дар фаъолияти минбаъда барору комёбӣ орзу менамоям.Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали барқароршавии ҳукумати конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати таҳкими қувваҳои мусаллаҳ ҳис карда мешуд, зеро давлат бидуни Қувваҳои Мусаллаҳ, ки нерӯи таъминкунандаи амнияту суботи мамлакат мебошад, вуҷуд дошта наметавонад.Мардуми тоҷик хуб дар ёд доранд, ки дар он рӯзҳои бисёр мушкил ва ҳассосу тақдирсоз барои таъсиси сохторҳои низомӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон заминаи воқеӣ мавҷуд набуд. Зеро баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон ягона давлате ба шумор мерафт, ки аз артиши шӯравӣ чизе мерос нагирифта монд.Бо ҷой доштани чунин ҳолат Ҳукумати ҷавон ва навтаъсиси Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии бевоситаи фарзанди сарсупурдаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, масъалаи дар муҳлатҳои кутоҳтарин ташкил намудани артиши миллиро ба миён гузошт ва 18 – уми декабри соли 1992 Фармони Раёсати Шӯрои Олӣ дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.Ҳарчанд рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ барои давлати ҷавони мо давраи ниҳоят душвор буд ва нарасидани техникаву силоҳу муҳимоти ҷангӣ ҳар лаҳза эҳсос мешуд, бори аввал 23 феврали соли 1993 дар Душанбе паради ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд.Мо мардум болида аз он ҳастем, ки дар диёри биҳиштосоямон бо донишу ѓайрат, заковату садоқат ва талошу ҷонбозиҳои фарзанди бонангу номуси Ватан, Пешвои миллат сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи сулҳ, субот, оромӣ, осудагӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳаёти осоишта, умеди устувор ба зиндагии имрўзу оянда фароҳам оварда шуд.Мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои сарбозони шуҷои Ватан ва хизмати ҳар кадоми онҳоро, ки дар ҳақиқат намунаи олии хизмати содиқона ба Ватан мебошад, ҳамеша бо эҳтиром аз онҳо ёд намуда, гиромӣ медоранд.Имрӯз мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки дар зарфи бисту ҳашт сол Артиши миллӣ ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфта, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзи зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи халқи хешро сарбаландона анҷом медиҳанд ва мардуми Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро мебинанд ва дилпурона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд.Такмили ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани он яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Имрӯзҳо ҷавонписарони мо дар Донишкадаи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мактабҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷӣ таҳсил намуда ҳайати шахсии офитсерон ва генералҳои моро пурра намуда истодаанд.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Сардори давлату Ҳукумат дар баробари муҳайё сохтани шароити арзандаи корӣ ҳамзамон ҷиҳати таъмин намудани кормандони сохторҳои давлатӣ бо манзили зист давоми солҳои охир таваҷҷўҳи доимӣ зоҳир намуда, марҳила ба марҳила ҳалли масоили иҷтимоии шаҳрвандон таъмин шуда истодааст.Вазъи ниҳоят мураккаби ҷаҳони муосир ба мову Шумо маълум буда, наметавонад моро бетараф гузорад. Шиддати муноқишаҳои тезутунди сиёсӣ, афзун гардидани хатару таҳдидҳо аз ҷониби унсурҳои террористиву экстремистӣ дар бисёр кишварҳои олам тақозо менамоянд, ки ҳар як давлат бо мақсади ҳифз ва таъмини сулҳу суботи сиёсӣ, манфиатҳои милливу давлатӣ, мустаҳкамиву ободии ояндаи Ватан, рушди устувору бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва муҳайё намудани шароити муносиб барои зиндагонии осоиштаи шаҳрвандон тадбирҳои воқеӣ андешида, қабл аз ҳама сохтори мудофиаи қавӣ ва пуриқтидорро бо кормандони садоқатманду бозаковат, зираку ҳушёр ва ватандўсту меҳанпараст доро бошад.Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, дар назди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон вазифаҳои басо мураккабе истодааст, ки иҷрои онҳоро фазои печида ва зудтағирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра, афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ тақозо менамоянд.Бинобар ин сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои истодагарӣ кардан ба муқобили ин хатару таҳдидҳо бояд ҳамеша омода бошанд ва аз ӯҳдаи ҳалли пурмасъултарин вазифаҳои давлатӣ баромада тавонанд.Таърих гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик дар гузаштаи бисёрҳазорсолаи худ ҳеҷ гоҳ зӯровариро аз неруи ақлонӣ боло нагузошта, даъвои забти мулки бегона накардааст.Гузаштагони мо танҳо ҳамон вақт ба истифодаи нерӯ иқдом карда буданд, ки аҷнабиён ба истилои сарзамини муқаддаси онҳо даст задаанд. Ин аст, ки ному корномаи қаҳрамонони миллати тоҷик, ба монанди Спитамену Деваштич ва Муқаннаъу Темурмалик дар саҳифаҳои таърихи халқамон ҳамчун ҳомиёни сарзамини аҷдодӣ ба таври абадӣ зинда мондааст.Хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ натанҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Артиш барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худшиносиву меҳанпарастӣ мебошад.Вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки сулҳи пойдор, тамомияти арзии Тоҷикистони азиз ва ваҳдати миллии халқи шарафмандамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки мардум, падару модарон ва хоҳару бародарони мо дар симои ҳар яки мо ҳомиёни воқеии Ватан, муҳофизони сарзамин ва марзу буми аҷдодиро мебинанд.Дар амалия чун анъана рӯзи 23 февралро ҳамчун иди мардон ҷашн гирифта мешавад.Аммо имрӯзҳо дар сафҳои артиши милии мо хушбахтона занон низ дар қатори ҷавонмардон дар хизмати Ватан қарор доранд, ки онҳо мардонавор ва сарбаландона адои хизмат менамоянд, ки боиси ифтихори мост. Аз ин рў, иди мазкур иди онҳо низ мебошад.Дар ин рузҳо беҳтарин суханҳоро дар ҳаққи ин занони ҷасоратманд ва инчунин оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ гуфтан ҷоиз аст. Онҳо такягоҳи маънавии артиши миллӣ мебошанд. Зани сарбоз беҳтарин зани сарсупурда аст, ки ҳамаи вазниниҳои ҳаётро дар баробари мардон ба зимма доранд.Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи шумоёнро бори дигар ба ифтихори ҷашни бистуҳаштумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол табрик мегӯям.Ба шумо саодатмандии ҷовидона, бардамӣ, рӯҳи поку беѓубор ва дар адои қарзи муқаддасу мардонаатон – ҳифзи Ватани озоду соҳибистиқлоламон сиҳатии комил, самимияту садоқат, неруву иродаи қавӣ ва барору комёбиҳои беназирро орзу дорам!