Парчами миллӣ – рамзи ифтихори миллӣ

image_pdfimage_print

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо мебошад. Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад.Санаи 24-уми ноябри соли 2020 тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 18 ноябри соли 2020 дар қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Накҳатзода Ҳокимбек – сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва роҳбарони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохторӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, собиқадорон ва фаъолони ноҳия иштирок намуданд. Дар давоми маҷлиси тантанавӣ раиси ноҳия муҳтарам Қудратзода Тоҳир Толибӣ ҳозиринро бо муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Ҳамчунини намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба сухан баромада, табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба саҳми ҳозирин расонид. Дар оғоз ва анҷоми қисми тантанавии чорабинӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.