Поянда бод Тоҷикистон, халқи заҳматкаш ва Презинденти маҳбуби он!

image_pdfimage_print

Дар кишвари маҳбубамон ҳамасола санаи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пуршукӯҳ таҷлил карда мешавад.
Рӯзи Президент аз ҷумлаи иду санаҳои фаррухи даврони Истиқлолият буда, рамзи эҳтиром ба Роҳбари давлат, махсусан шахсияти беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.
Бо мақсади ҷашн гирифтани ин иди фархӯнда санаи 16-уми ноябри соли 2019 дар қасри фарҳанги “Гулистон”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ раиси ноҳия мӯҳтарам Салимзода Комил, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, муассисаю хоҷагиҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар таклифшудагон иштирок доштанд.
Дар давоми маҷлиси тантанавӣ Раиси ноҳия мӯҳтарам Салимзода Комил иштирокчиёнро бо муносибати Рӯзи Президент табрик намуданд.
Баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.