Президенти мо – ифтихори мо!

image_pdfimage_print

Санаи 16 ноябри соли 2020 дар қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст.
Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.
Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр рӯзи Президент пазируфта шудааст.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар он раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҳамчунин дар чорабинии мазкур роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, муассисаю хоҷагиҳо, собиқадорони меҳнат иштирок намуданд.