ҚУДРАТЗОДА Тоҳир Толибӣ

Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов

Соли таваллуд  4 апрели соли 1979  Ҷойи таваллуд ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 
Миллат тоҷик,
Таҳсилот   олӣ соли 1998 Техникуми политехникии Осиёи Миёнаи шаҳри Чкаловск (ҳозира шаҳри Бустон), соли 2006 филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимиро хатм кардааст,
ихтисос  муҳандис – роҳсоз,
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё нест Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Иттифоқ» №57 ва Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳавзаи интихоботии «Рӯдакӣ» №1
Вазъи оилавӣ оиладор
Суроға вилояти Суғд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати деҳоти Ғозиён, кӯчаи Т.Юсупов №46/7

ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ

Солҳои 1998-2005 – Сардори идораи сохтмони роҳҳои №2-Н шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Солҳои 2005-2006 – Сардори мавзеъи истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд   

Солҳои 2007-2008 – Сардори калони сайёрии механиконидашудаи «Суғд»-и шаҳри Хуҷанд

Солҳои 2008-2013 – Фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи роҳсозии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Соли 2013 (01-11) – Сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Солҳои 2013-2018 – Сардори идораи сохтмони асосии вилояти Суғд

Соли 2018 (02-12) – Сармуҳандиси ҶДММ «Манзил-2014»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Солҳои 2018-2020 – Сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд

Соли 2020 (01-3) – Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов

Аз моҳи марти соли 2020 то ҳоло – Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов