Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Э Ъ Л О Н

•E-mail• •Печать• •PDF•
•There are no translations available.•

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри иҷрои қарори раиси ноҳия аз 25 апрели соли 2018, таҳти №310 «Дар бораи гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ» аз рӯи вазифаҳои зерин ОЗМУН эълон менамояд:

  1. 1. Сармутахассис – ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳия;

-      таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад.

-      2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумӣ.

-      малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-      маоши мансабӣ – 811,20 сомонӣ.

  1. 2. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати шаҳраки Меҳробод;
  2. 3. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Гулхона;
  3. 4. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Сомониён;
  4. 5. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Деҳмой;
  5. 6. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз;
  6. 7. Сармутахассис– оид ба корҳои дини Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав;
  7. 8. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав:

-      таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад.

-      2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумӣ.

-      малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-      маоши мансабӣ – 774,8 сомонӣ.

  1. 9. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия;

10. Мутахассиси пешбари хадамоти назорат дар соҳаи маорифи ноҳия;

-      таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад.

-      1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

-      малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-      маоши мансабӣ – 665,60 сомонӣ.

11. Мутахассиси пешбари (нозири мизи ҳарбӣ) Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз;

  1. 12. Мутахассиси пешбари (андозчӣ) Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нав;
  2. 13. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Гулхона;

-      таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад.

-      1 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

-      малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-      маоши мансабӣ – 634,40 сомонӣ.

  1. 14. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия.

-      таҳсилоти олии касбӣ, миёнаи махсус, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад.

-      малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-      маоши мансабӣ – 546,0 сомонӣ.


I. Талаботи тахассусӣ:

-      донистани забони давлатӣ;

-      донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои талаботҳои мансаби хизмати давлатиро ба танзим медарорад.

-      донистани технологияҳои муосир.

-      маҳорати корбарӣ дар компютер.

II. Ӯҳдадориҳои мансабӣ:

-      риояи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-      ҳифз ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон;

-      риояи интизоми давлатӣ ва хизматӣ;

-      таъмини ҳифзи моликияти давлатӣ.

III. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

-      аризаи шахсӣ ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ;

-      варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

-      тарҷумаи ҳол;

-      нусхаи шиноснома;

-      нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-      нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

-      маълумоти тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ шакли 086 УЕ;

-      маълумотнома аз ҷойи истиқомат;

-      нусхаи РМА (ИНН);

-      нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;

-      нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

-      маълумотнома оиди доғи судӣ.

-      маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (аз мақомоти минтақавии андоз);

-      расм ба андозаи 3х4 4 адад ва ба андозаи 4х6 2 адад;

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо (на камтар аз 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон дар бораи гузаронидани озмун дар рӯзномаи маҳаллии «Иқбол»).

Ҳуҷҷатҳои шахсони аз озмун нагузашта бе мамоният баргардонида мешаванд.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо: индекс 735820, шаҳраки Меҳробод, кӯчаи Ислом Нурматов №5 бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов.

Телефон барои маълумоти иловагӣ: (83455) 2-14-57

моб: 98-700-22-97

Факс: (83455) 2-11-35

Сомонаи расмӣ: www.jabborrasulov.tj

Суроғаи электронӣ: •Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript•

Шуъбаи   ташкилӣ   ва  кор  бо
кадрҳои  дастгоҳи  раиси  ноҳия

 

Фотографии района


ҲАМКОРОН