Санаи 11- феврали соли 2020 дар қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи нақшаи тасдиқгардида вохӯриҳои номзадҳо

Санаи 11- феврали соли 2020 дар қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов тибқи нақшаи тасдиқгардида вохӯриҳои номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии “Ҷаббор Расулов”, №16 ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Иттифоқ”, №57 баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муҳтарам Исомаддинзода Саидамин Акбар, намояндаи кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷалилов Анвар Расулович иштирок ва баромад намуданд.
Дар давоми чорабинӣ шахсони боэътимоди номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии “Ҷаббор Расулов”, №16 ва номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Иттифоқ”, №57 ба сухан баромада шахсони ба вакили пешабаришударо шиносоӣ намуданд.
Дар охир раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии якмандатии “Ҷаббор Расулов”, №16 оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ҳамаи иштирокчиёнро 1 марти соли 2020 ба рӯзи интихобт даъват намуд.