Санаи 14-уми феврали соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов

image_pdfimage_print

Санаи 14-уми феврали соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов вохӯрии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Иттифоқ», №57 ва номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҳавзаи интихоботии «А.Рӯдакӣ», №1 баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раисони кумитаҳои маҳалла ва фаъолони Ҷамоати шаҳраки Меҳробод ва дигар даъватшудагон иштирок намуданд.
Вохӯрии мазкурро раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов Умарзода Ботирҷон ҳусни оғоз бахшида номзадҳоро ба интихобкунандагон муаррифӣ намуд.
Шахсони боэътимоди номзадҳо бошанд, арзандатарин номзадҳоро бо муаррифии фаъолияти корӣ ва барномаи пешазинтихоботиашон ироа намуданд.
Дар давоми вохӯрӣ аз ҷониби раисони кумитаҳои маҳалла оиди як чанд муаммаҳои зиндагии мардум баромад намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷаббор Расулов Умарзода Ботирҷон ба интихобкунандагон барои ояндаи Тоҷикистони азиз дар рӯзи 1 марти соли 2020 фаъолона иштирок намуданро пешниҳод намуд.
Бо ҳамин вохӯри ба охир расид.