Санаи 23-уми ноябри соли 2019 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

image_pdfimage_print

Санаи 23-уми ноябри соли 2019 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҷавонону варзишгарон ва фаъолони ноҳия роҳпаймои бо шиору овезаҳо ва парчамҳои хурду калон баргузор гардид.
Инчунин дар қасри фарҳанги “Гулистон”-и ноҳия баҳри таҷлил намудани 27-солагии «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳанги мебошад маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Дар маҷлиси тантанавӣ муовини якуми раиси ноҳия муҳтарам Файзулло Қосимӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Бобозода Хайрулло – сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд ва дигар таклифшудагон иштирок доштанд.
Дар давоми маҷлиси тантанавӣ муовини якуми раиси ноҳия мӯҳтарам Файзулло Қосимӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муҳтарам Бобозода Хайрулло ҳозиринро бо муносибаи ин иди фрхунда табрик намуданд.
Дар оғози ва анҷоми маҷлиси тантанавӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.
Баҳри болидахотирии иштирокчиён аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.