Санаи 7-уми феврали соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов

Санаи 7-уми феврали соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифзода Ғолибҷон – мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд маросими муаррифии муовини раиси ноҳия баргузор гардид.
Дар асоси розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори раиси ноҳия “Дар бораи ба вазифаи муовини раиси ноҳия таъин намудани Муталибзода Зумрад Муталиб” ба тасвиб расидааст, ки аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ муаррифӣ гардид.
Зимни муарриф иттилоъ дода шуд, ки Муталибзода Зумрад Муталиб соли 1986 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов таваллуд шудааст. Миллаташ ӯзбек, маълумоташ олӣ. Соли 2012 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик ва соли 2018 Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идораи давлатӣ хатм намудааст.
Муталибзода Зумрад Муталиб дар солҳои гуногун ба ҳайси омӯзгори забони давлатӣ ва ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ва мутахассиси пешбари бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолият дошт. Аз моҳи январи соли 2018 то феврали соли 2020 мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов буд.
Дар охир Қудратзода Тоҳир Толибӣ ба Муталибзода Зумрад Муталиб барои фаъолияти баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно намуда бо сарпарастони соҳа бояд ҷиҳати рушди соҳаи иҷтимоии ноҳия аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум талош намояд.