Санаи 7-уми ноябри соли 2019 дар қасри фарҳанги “Гулистон”-и ноҳия маҷлиси тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи милитсияи тоҷик» баргузор гардид.

image_pdfimage_print

Дар маҷлиси тантанавӣ раиси ноҳия мӯҳтарам Салимзода Комил, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия полковники милитсия Бобоназарзода Алиҷон Бобоназар, ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, муассисаю хоҷагиҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар таклифшудагон иштирок доштанд.
Сараввал зери оҳанги «Марш»-и тантанавӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дароварда шуд ва бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ оғоз гардид.
Дар давоми ҷамъомади тантанавӣ Раиси ноҳия мӯҳтарам Салимзода Комил ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия полковники милитсия Бобоназарзода Алиҷон Бобоназар ҳозиринро ба муносибати «Рӯзи милитсияи тоҷик» табрик намуданд.
Инчунин дар ҷамъомади тантанавӣ барои фаъолияти пурсумар ва саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, иҷрои намунавии вазифаҳои хизматӣ ва ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик як қатор фаъолони соҳа бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Бо ҳамин қисми тантанавии чорабинии бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима ёфт ва зери оҳанги «Марш»-и тантанавӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуд
Дар охир баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.