Шиносоии Раиси вилоят бо вазъи истифодаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой

image_pdfimage_print

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ дар нозияи Ҷаббор Расулов бо вазъи истифодаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой шинос гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла ба манзили Манзура Азаматова, сокини деҳаи Деҳмой ташриф овард. Чуноне ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, оилаи Азаматовҳо бист сол инҷониб дар замини наздиҳавлигии худ анвои гуногуни зироатҳоро кишт намуда, зиндагии хешро таъмин менамоянд.

Замини наздиҳавлигии ин оила 0,07 гектар буда, дар он ҳамасола зироатҳои аввалибаҳорӣ ва сабзавот кишт карда мешавад. Имсол низ Манзура Азаматова ва аҳли оилааш карам, помидор, бодиринг, картошка ва кабудиҳо кишт карда, ният доранд, ки маҳсулоти барвақтиро ба бозор бароваранд.

Раиси вилоят ба тарзи истифодабарии замини наздиҳавлигии оилаи Азаматовҳо баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки сокинони Ҷамоати деҳоти Деҳмой воқеан дар самти оқилона истифода бурдани замин намунаи ибратанд. Таъкид гардид, ки бояд таҷрибаи ин оилаи кишоварз дар дигар минтақаҳо низ ба таври васеъ истифода бурда шавад.