Тақдими кӯмакпулиҳо ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

image_pdfimage_print

Қаҳрамониву диловариҳои падарону бобоёни мо дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  барои наслҳои оянда намунаи олии ватандӯстиву родмардӣ хоҳад буд. Ҳамасола дар остонаи Рӯзи Ғалаба бо мақсади арҷ гузоштан ба корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сатҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои неку шоиста анҷом дода мешавад.

Соли равон низ ба ифтихори 75 – солагии Рӯзи Ғалаба кӯмакпулиҳои якдафъаинаи Пешвои муаззами миллат дар ҳаҷми   6 (шаш) ҳазор сомонӣ, кӯмакпулии Раиси вилоят ба андозаи 4 ҳазор сомонӣ  ва кӯмакпулии раиси ноҳия дар ҳаҷми 1 (як) ҳазор сомонӣ муқаррар гардид.

Бо мақсади тақдими кӯмакпулиҳои Пешвои муаззами миллат ва Раиси вилоят, расонидани номаи муборакбодии Сарвари давлат ба ифтихори ин ҷашн муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Собирзода Нуралӣ Миралӣ ва сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода  6 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар кардашударо санаи 4-уми майи соли 2020 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аёдат намуданд.

Зимни суҳбат бо иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз корнамоиҳои бемисли онҳо ёдовар шуда, таъкид кард, ки дар он солҳои мудҳиш дар қатори мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фарзандони Тоҷикистон низ ба ҳимояи ватани хеш бархоста, барои ҳифзи хоки ватан синаи худро сипар намудаанд. Қаҳрамониву диловарии фарзандони шуҷоъи ватан дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст ва давлату Ҳукумат азхудгузаштагиву ҷоннисориҳои зафармандонро қадр менамояд. Зикр гардид, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҶБВ таҳти таваҷҷӯҳу ғамхориҳои доимӣ қарор доранд.