ТАҶЛИЛИ РЎЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

image_pdfimage_print

Санаи 23-уми феврали соли 2021 ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 28 – солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанги «Гулистон»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси ноҳия Қудратзода Тоҳир Толибӣ, инчунин роҳбарони мақомотҳои қудратӣ, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҳимоятгарони сохти конститутсионӣ, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, волидайни сарбозон ва дигар даъватшудагон иштирок намуданд.Дар давоми чорабинӣ раиси ноҳия ҳозиринро бо муносибати 28 – солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.Дар рафти чорабинӣ ба фаъолони соҳа аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якчанд сипосномаҳо ва туҳфаҳо барои фаъолияти пурсамар, меҳнати софдилонаю содиқона, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ, ташаббускорӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ҳиссагузорӣ дар ташвиқу тарғиби сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бахшида ба 28 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Ҳамчунин ба волидайни сарбозоне, ки фарзандонашон айни ҳол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмати ҳарбӣ намуда истодаанд барои тарбияи фарзандони Ватандӯсту Ватанпарвар, шуҷоъву далер ва саҳми арзандаи фарзандашон дар ҳифзи Истиқлолияту амнияти миллӣ, инчунин иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бахшида ба 28 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.


Барои болидахотирии иштирокчиён аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.