Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст

image_pdfimage_print

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов дар деҳаи Тоҷикобод аз манзили истиқоматии шаҳрванд Муҳаммадшоҳ Эмомов боздид намуд.Муҳаммадшоҳ Эмомов ва аҳли оилаи ӯ имрӯзҳо бо истифода аз мавсими ғуну чини ҳосил барои зимистонгузаронӣ омодагӣ мебинанд. Оилаи Эмомовҳо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани тирамоҳу зимистон ба таври кофӣ маҳсулоти ниёзи аввал, аз ҷумла гандум, равған, шолӣ, лӯбиё, мош, картошка, пиёз, сирпиёз, сабзиву гӯшти қоқро захира намудааст. Аъзои ин оила ҳамзамон аз дастранҷи деҳқонии худ маҳсулоти консервагӣ низ омода намуда истодаанд.Раиси вилоят аснои боздид таҷрибаи ин оиларо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ арзёбӣ карда, ба Муҳаммадшоҳ Эмомов туҳфаи хотиравӣ тақдим кард.Таъкид карда шуд, ки бояд ҳар як оила бо истифода аз имконоти худ маҳсулоти барои рӯзгор заруриро нигаҳдорӣ намояд.Сипас, Раиси вилоят дар деҳаи Тоҷикобод бо рафти бунёди марказии хизматрасонии соҳибкорони маҳаллӣ шинос гардид. Сохтмони маркази атласу адрас ва нуқтаи хизматрасонии соли 2019 оғоз шудааст. Бинои мазкур аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати умумии он 210 метри мураббаъро ташкил медиҳад.Сохтмони маркази мазкур ба маблағи умумии 300 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, 90 фисади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст. Айни ҳол корҳои чароғонкунию васлкунии таҷҳизотҳо идома дорад.Баъд аз ба истифода додани маркази мазкур аз 25 то 30 нафар сокинони деҳа бо ҷойи кор таъмин мегарданд ва дар давоми як сол 30 нафар занону духтарони деҳа ҳамчун ҳунарманд омода мешаванд.