Табрикоти раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

image_pdfimage_print

Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯз мову шумо ва кулли мардуми шарифу саодатманди Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли мо дар фазои сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ бо шукуҳу шахомати хоса таҷлил менамоем.Чуноне ки медонем, 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи истиқлол ва соҳибихтиёрии худ – Парчами давлатӣ гардид. Соли 2009 бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санаи таърихӣ Рӯзи Парчами давлатӣ эълон шуд ва ҳар сол бошукӯҳу тантана ҷашн гирифта мешавад.Таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нишони эҳтироми хоса ба анъанаҳои неки аҷдодони сарбаландамон мебошад. Бигзор ин рамзи давлатии соҳибистиқлоламон чун нишони ифтихори ҷовидонаи миллат ва муҳаббату садоқати сокинон ба ватани азизу обод то абад парафшон бошад. Пешвои муаззами миллат бар ҳақ зикр намудаанд, ки «Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар аз Парчами миллии худ ифтихор намуда, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, озодиву истиқлоли ватан ва ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин намояд». Парчам муайянкунандаи мақом, симо ва ҳастии сиёсии давлат ба шумор меравад.Боиси сарфарозиву ифтихори мост, ки Парчами давлатии соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар бинои Созмони Миллали Муттаҳид дар қатори парчами дигар давлатҳои тараққикардаи дунё парафшон аст ва узвияти давлати моро ба ин Созмони бонуфузи сиёсӣ тасдиқ менамояд. Ба хотири дар сатҳи зарурӣ ҷой додани яке аз муқаддасоти миллат дар пойтахти кишвар, дар назди Қасри миллат бо орзуву нияти нек барои асрҳо бар ҷо мондани давлати Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон баландтарин поя сохта, Парчами миллӣ дар он барафрохта шуд, ки имрӯзҳо ин хиёбони бошукуҳ боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистониён аст. Дар ин радиф, санаи 22 октябри соли 2018 ифтитоҳ гардидани хиёбони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми мардуми меҳнаткаши ноҳияро сарбаланду сарфароз гардонид ва хиёбони мазкур ба макони зебову дилрабо ва гӯшаи дӯстдоштаи ҷавонон табдил ёфт. Парчами давлатии Тоҷикистон пешгоҳи биноҳои давлатиро зебу зинат мебахшад. Дар рӯзҳои ҷашну сурур чун рамзи саодату сарбаланди мо Парчами миллии Тоҷикистон ҷилваи дигар дорад. Парчами миллӣ метавонад дар тарбияи насли наврас дар руҳияи ифтихор аз ватану миллат хизмат намояд. Бо ин мақсад дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия тадбирҳои зиёди таълимиву тарбиявӣ марбут ба таърихи арзи вуҷуди Парчам ва тавсифи он амалӣ мегарданд, ки барои боло бурдани эҳсоси ватандӯстии хонандагон ва ифтихор аз кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат менамоянд. Ба ҷо овардани эҳтиром нисбати ин муқаддасоти миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад. Зеро, Парчам рамзи хосаи Истиқлолият ва ҳастии миллат аст.
Дӯстони азиз!
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарифу сарбаланди ноҳияро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими дил табрику таҳният менамоям. Ба ҳамаи Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ, дили беғам ва бахту саодати рӯзгорро орзу менамоям. Бигзор Тоҷикистони азизи мо зери Парчами миллии худ таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қуллаҳои баланди тараққиёт расида, дар қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳони муосир ҷойгоҳи муносиби худро ишғол намояд.
Ид муборак, ҳамдиёрони азиз!