Табрикоти раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ бахшида ба «Рӯзи Президент»

image_pdfimage_print

Ҳамдиёрони азиз!
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории халқи тоҷик падидаи тозае мебошад, ки воқеан барои гиромидошти арзишҳои миллии мо аҳамияти ҳаматарафа дорад. Таҷлили ин рӯз маънои эҳтиром ба шахсияти барҷастаест, ки тамоми ҳастии худро барои ободии кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум сарф менамояд, балки нишонаи шинохт ва гиромидошти арзишҳои миллии халқи мо мебошад. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат буда, дар сатҳи баланд баргузор намудани он нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ мегардад. Зеро мардуми мо Истиқлолияти давлатиро ба осонӣ ба даст наовардааст. Ба қадри сулҳу субот ва ободии Ватан бирасем ва хизмати софдилонаву содиқона ба Ватан мазмуни зиндагиамон гардад. Тоҷикистони муосир марҳилаҳои душвор, тақдирсоз ва бунёдиро паси сар намуда, дар таҳкими давлатдорӣ аркони бузургеро ба шакл даровард ва сиёсати бисёр хирадмандонаву устуворро ба роҳ монд. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, таҳти роҳбарии абармарду сиёсатмадори ҷаҳонӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегардад, ки имрӯз бузургтарин сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳонӣ тарзи давлатсозии онро эътироф кардаанд. Ваҳдатофариву давлатсозии халқи тоҷикро Президенти Руссия Владимир Путин чунин баҳоггузорӣ кардааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар давраи сиёсат байни Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеи намоёнро ишщол менамояд. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронида бошад, дида намешавад».Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҳастиаш бар зидди мухолифин мубориза бурда, ба низои шаҳрвандӣ хотима бахшида, сохти конститутсиониро дар кишвар барқарор гардонид. Иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат зери фишори душманони миллат шикаст нахӯрд ва ӯ тавонист, ки бо ҷасорати худ ҷанги шаҳрвандиро ба анҷом расонида, сулҳу суботро дар Тоҷикистон таъмин намояд. Сулҳе, ки Пешвои миллат ба халқи ба ҷон баробару маҳбубаш овард, кафили Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гашт. Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он гаштанд, ки халқи Тоҷикистон Пешвое дорад ва ӯ миллатро сарҷамъ намуда, истиқлолияташро маҳфуз дошта метавонад.Баъд аз он, ки дар кишвар сулҳу субот пойдор гардид, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар ба миён омад. Бинобар ин Ҳукумати ҷумҳурӣ барои инкишофи минбаъдаи кишвар чор ҳадафи стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистон, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти комуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишварро муайян намуд.То имрӯз бевосита бо ташаббуси Пешвои миллат ин чор ҳадафи бузурги иқтисодӣ дар Тоҷикистон амалӣ шуда, шоҳсутуни Истиқлолияти иқтисодӣ гардиданд. Хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, бедору ғанӣ гардонидани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҷойгоҳи махсус дорад. Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хавфу хатар ва таҳдидҳои нави ҷаҳониро ба назар гирифта, таъмини суботи сиёсиро вазифаи аввалиндараҷаи худ шуморид ва тамоми ҳастии худро ба пешравии давлату миллат бахшид. Ин аст, ки мавқеъ ва нуфузи ниҳоди сарварии Пешвои миллат имрӯз дар арсаи байналмилалӣ эътироф гашта, аз ҷониби Кумитаи академияи Шӯрои Аврупо Президенти мамлакатамон Эмомалӣ Раҳмон сазовори Ҷоизаи «Пешвои асри 21» гардидааст. Меҳру муҳаббати беандозаи мардум нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо гирифтани наваду аз сад наваду ду фоизи овозҳо маротибаи панҷум ҳамчун сарвари давлат интихоб гардиданд, ки ин барои ҳар як фарди тоҷик боиси ифтихор аст.
Ҳамдиёрони азиз!
Рӯзи Президентро ба ҳар яки шумо муборакбод намуда, бароятон осмони софу беғубор ва саодати зиндагиро орзу менамоям. Бигзор, Ватани азизамон бо пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам равнақ ёфта, Истиқлолияти давлатиамон пойдору Ваҳдати миллиамон устувор гардад.
Саломату сарбаланд бошед!