Табрикоти раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир Толибӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

image_pdfimage_print

Ҳамдиёрони азиз!

27 июни соли 1997 ба таърихи халқи тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисоди кишвар,  масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Аввалин суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми сарбаланди тоҷик то ҳол фаромӯш накардаанд,  ки гуфта буданд: «Ман ба шумо сулҳ меоварам…Мо ҳама бояд ёру бародар бошем». Халқи тоҷик ҷасорату далерии Сарвари давлати худро, ки дар ҷараёни музокироти пай дар пай барои таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, махсусан, соли 1996 дар Афғонистон баргузор гардида буд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард. Вазъияти ин мулоқотро рӯзноманигорони рус Владимир Сухомлинов ва Генадий Шалаев дар китоби худ «Роҳ ба сӯи созиш» чунин тасвир намуданд: «Эҳтимол вохӯрии аз ҳама пуршиддат ва хатарноку бемисл дар Афғонистон 11 декабри соли 1996 баргузор шуд. Вақте роҳбарияти мухолифин ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки гуфтушунидро дар рустои Хусдеҳ, ки дар шимоли Афғонистон, вилояти Таҳор ҷойгир аст, гузаронанд, ӯ беягон дудилагӣ розӣ шуд: «Ман тайёрам дар ҳар ҷой ва ҳар соат вохӯрам. Муҳим он аст, ки вохӯрӣ судманд бошад…» Ҳамин тавр, муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Пешвои миллат мебошад. Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон нафар ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо кардааст. Мукофоти ин ҳама заҳматҳо боиси таваҷҷуҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки ҳар гоҳ нисбат ба Сардори донову тавонои Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ба ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ иброз мегардад. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки аз имзои он 23 сол сипарӣ мегардад, шаҳодати пирӯзии хиради мардуми сулҳпарвари тоҷик аст. Зеро, маҳз ҳамин хиради азалӣ буд, ки муқовиматҳои мусаллаҳонаи солҳои авали Истиқлолияти давлатӣ на бо зӯрии силоҳ, балки аз роҳи музокирот бартараф гардиданд. Халқи тамаддунофари тоҷик зери ҳамин ливо ба иттиҳоди комил даст ёфт ва инак, дар фазои сулҳу субот кишвари азизи мо сол аз сол шукуфону рӯзгори мардум бамаротиб беҳтар гардид. Ваҳдат беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Мардуми соҳибмаърифату сулҳпарвари мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа донистанд. Имрӯз ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ки ҳосили талошҳои хастанопазири Сарвари муаззами давлат аст, аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки на танҳо дар кишвари маҳбубамон, балки дар сатҳи байналмилалӣ низ мавриди омӯзишу истифода қарор гирифтааст. Ваҳдат арзишест, ки миллати моро аз ҳалокат нигоҳ дошт, ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамо сохт, рукнҳои давлатдорӣ ва низоми ҳуқуқиро дар мамлакат истеҳком бахшид. Самараи ваҳдат аст, ки имрӯз таъмини рушди босуботи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа муҳайё гардида, дар иқтисодиёту иҷтимоиёт, фарҳангу ҳунар ва илму маориф пешравиҳо назаррасанд. Бинобар ин, ҳар як фарди худогоҳи мамлакатро зарур аст, ки дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, расидан ба қадри истиқлолият ва тарбияи наврасону ҷавонон, яъне наслеро, ки ояндаи давлату миллат, таъмини амнияту субот ва ободиву пешрафти Ватан дар дасти онҳост, вазифаи худ шуморад. Барои расидан ба ин ҳадафҳои олӣ зарур аст, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар ҳифзи арзишҳои истиқлолият ва сулҳу ваҳдат иқдоми тоза анҷом диҳем, ҷавонони худшиносу ватандӯстро тарбия намоем. 

Ҳамдиёрони азиз!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри сазовор пешвоз гирифтани Иди Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи иқдоми «1300 рӯзи меҳнати зарбдор»-и муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода соли ҷорӣ бунёди якчанд корхонаҳои хурд ва азими истеҳсолӣ, биноҳои таълимию маъмурӣ, азнавсозию таъмири роҳҳо ба нақша гирифта, дар ин самт тадбирҳои амалӣ андешида истодааст. Сокинони ноҳия азми он доранд, ки бо иҷрои нақшаҳои меҳнатӣ ва пайкори созанда ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба як гӯшаи ободу зебои Ватан табдил диҳанд. Мо мардуми шарифи ноҳия бо қудрати созандагӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осоишта, пойдории сулҳу субот ва устувории Ваҳдати миллӣ ҷидду ҷаҳд дорем, ки ҳеҷ гоҳ самои диёрамонро абрҳои тира доғдор нагардонад ва доим офтоб нур пошад, мардум осуда, ором зиндагӣ кунанд. Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи шуморо ба муносибати ин рӯзи саид муборакбод намуда, бароятон танисиҳатӣ, рӯзгори ободу файзбор, саодати зиндагӣ ва комёбиҳои беназирро орзу менамоям. Бигзор Истиқлолияти давлатиамон пойдор, Ваҳдати миллиамон устувор гардад.

         Иди Ваҳдат муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

         Саломату сарбаланд бошед!