Табрикоти раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов ба муносибати Иди Саиди Фитр

image_pdfimage_print

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи Шуморо ба муносибати Иди Саиди Фитр, ки онро мусулмонони ҷаҳон ҳамчун яке аз суннатҳои муътабар баъди як моҳи тоату ибодат ва рӯзадорӣ бо хушҳолии зиёд ҷашн мегиранд, табрик менамоям.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил намудани Иди саиди фитр ба ҳукми анъана даромадааст.
Рӯзадорӣ манбаи поксозии маънавию равонии риёзати исломӣ буд, ки сафои қалб, ҷилои рӯҳ, ҳусни ботинӣ ва одобу ахлоқи ҳамидаи мардуми мусулмон мебошад.
Имрӯз мусулмонони мамлакат ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ имкон доранд, ки тамоми фаризаҳои дини исломро бемамониат адо намоянд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон на танҳо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони мамлакатро доир ба эътиқод ҳимоя мекунад, балки дар ин бобат пайваста щамхорӣ ва шароиту имконият фароҳам меорад.
Моҳи Рамазон моҳи тарбияи инсонҳост. Мо наслҳои имрӯза бояд суннатҳои деринаро идомаи нек бахшем, зеро Иди Саиди Фитр ҳамчун яке аз воситаҳои беҳтарини ҳамдигарфаҳмиву муттаҳидии ҷомеа буда, бевосита ба таҳкими минбаъдаи пояҳои ваҳдату ҳамбастагии мардум мусоидат мекунад.
Дӯстони азиз!
Дар ин рӯз мардум бо шодиву сурур якдигарро ба ощӯши гарм ва пур аз меҳр мегиранд, Иди Саидро муборакбод мегӯянд. Гуноҳи кардаи якдигарро мебахшанд, қалбҳоро чун оина мусаффо мегардонанд.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш бори дигар ҳамаи Шумо, аҳли оилаатон ва тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати Иди шарифи Рамазон муборакбод намуда, тандурустӣ, умри дароз, хушиҳои рӯзгор, дӯстию рафоқатро таманно дорам. Аз даргоҳи Худованди бузург бароятон хонаи обод, ризқу рӯзии фаровон, имону амонӣ ва илму амалу фарохдастӣ мехоҳам.
Иди Саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!