Табрикоти раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов бахши ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҳозирини гиромӣ! Ҷавонони азиз!

Нахуст мехоҳам ҳамаи Шуморо, ки дар асл бақои кишвару миллат ва созандаи фардои Ватани маҳбубу соҳибистиқлол ва халқи азизамон ҳастед, ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод менамоям. Воқеан, ҷавонон ҳамчун нерӯи созандаи кишвар, такягоҳ, умед ва ифтихори давлату ҷомеа ба шумор рафта, дар ршди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон нақш ва мавқеи басо муҳимро касб карданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон, таъмин намудан ба ҷойҳои нави корӣ, донистани илмҳои технологияи коммуникатсионӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ диққати махсус зоҳир намуда, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри пешрафти диёри азизамон доимо дастгирӣ менамоянд. Ҷавононро мебояд аз ин имкони хуб истифода намоянд.

Имрӯз барои ҷавонони
хушбахт дар кишвар ҳама шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Бахусус, дари муассисаҳои
илмӣ ба рӯйи ҷавонон бозанд. Миллат аз ҷавонон интизори кушоишҳои илмист ва танҳо
доштани дониши хубу замонавӣ метавонад дари фатҳу кушоишҳои илмиро боз кунад.

Тавре, ки Пешвои
миллат зикр намудаанд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи
миллатанд». Ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳанги қадимаи миллати
худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи афкори нав, эҷодкори тақдири имрӯзу
фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Дар замони дигаргуншавии ҷаҳонӣ ва
рушди босуръати илму техника талабот ба мутахассисони ихтироъкор ва техника
торафт зиёд шуда истодааст.

Барои дастгирии ҷавонони
соҳибистеъдод таъсиси стипендияҳои Президентӣ, раиси вилоят ва дар ин радиф
таъсиси стипендияи раиси ноҳия ва ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ
таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат
нисбат ба насли ҷавони кишвар мебошад.

Боиси
хурсандист, ки солҳои охир ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявию
байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби медалҳои тиллову нуқра гардида, Парчами
давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардошта истодаанд. Инчунин дар соли
хониши 2019-2020 16 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
ва 2 нафар хонанда дар олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои фахриро
ишғол намуданд.

Ҷавонони азиз!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои пайвастаи раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар сиёсати худ ба ҷавон гардонидани ҳайати хизматчиёни давлатӣ, истифодаи баъзе аз ташаббусҳои онҳо дар татбиқи давлатдории навин, дастгирии мутахассисон ва оилаҳои ҷавон, ҷалби ҷавонон ба созандагиву бунёдкорӣ ва дигар масоили марбут ба ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба ин васила якчан иқдомҳои судмандро амалӣ намуда истодааст. Ҷавонони азиз, боварии комил дорем, ки шумо дарҳақиқат пайравони асили Пешвои муаззами миллат ҳастед ва дар иҷрои ҳама кору масъулият қодиру тавоноед ва барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю талош менамоед. Бо ин ниятҳои нек, шумо-ҷавонони саодатмандро бори дигар табрик намуда, бароятон бахту иқбол ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.

         Саломату
сарбаланд бошед, ҷавонони азиз
!