Табрикоти раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

image_pdfimage_print

Ҳамватанони азиз! Бо камоли ифтихору самимият тамоми мардуми ноҳияро ба муносибати ҷашни мубораку муқаддаси миллиамон – 29 солагии Истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди худогоҳу худшиноси ноҳия бахту саодат ва дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям. Истиқлолият чун муқаддастарин ҷашни сиёсию фарҳангӣ ва тантанаи давлатдории миллӣ аз сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ба рушди устувор ва рӯзгори орому осудаи мардуми кишвар мусоидат намуд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишвар сарфи назар аз мансубияти миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва ақидаи сиёсии худ вазифадор аст, ки ба хотири рушди минбаъдаи ҷомеа, пойдории сулҳу субот, истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллӣ дар ҳифзи ин дастоварди бузурги таърихӣ саҳми арзандаи худро гузорад. Истиқлолият ба халқи Тоҷикистон озодӣ, оромӣ, ободӣ сулҳу субот, ояндаи дурахшон, зиндагии шоиста ва Роғунро дод. Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмини рушди устувор тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо барои бунёди неругоҳҳо сафарбар намуд. Роҳбарияти давлату ҳукумат дарк мекарданд, ки Роғун омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар, зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад. Ҳозирини гиромӣ!Қайд бояд кард, ки дар ноҳия ба шарофати Истиқлолият ва заҳмати ватандӯстонаи сокинон дар партави сиёсати халқпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва муовини якуми раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия рӯ ба тараққиёт ниҳода, сатҳи зиндагии мардум хеле беҳ гардид. Ба роҳ андохтани фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, иншоотҳои иҷтимоӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳо, марказҳои муосири хизматрасонӣ, ҳунармандӣ ва таъсис додани садҳо ҷойҳои нави корӣ далели гуфтаҳои боло мебошанд. Ҳамдиёрони азиз!Бо шарофати ин ҷашни фархундаи миллӣ дар тамоми мамлакат корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза гирифта, кишвари мо ба як сарзамини ободу пешрафта табдил ёфт. Инчунин дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ тибқи нақша чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба сазовор истиқбол намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон созандагиву ободонӣ вусъати тоза гирифта, симои ноҳия хеле зебову дилрабо гардид. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов ба соҳибкорони ташаббускору ватандӯст миннатдории бепоён изҳор менамояд ва ҳамкориро бо соҳибкорон дар чунин руҳияи созанда идома дода, ҳамеша дар рушду нумӯи ноҳия саъю талош меварзад ва дар татбиқи иқдомҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар роҳи бунёдкориву созандагӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо рӯи кор меорад. Дӯстони азиз!Истиқлолият беҳтарин неъмати ҳаёти инсон, орзуву ормонҳо, таҳкими давлат, наҷоти миллат, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Мо сокинони ноҳия бо саъю талоши ватандӯстонаи худ метавонем Истиқлолияти ватани маҳбубамонро ҳимоя кунем, давлати соҳибихтиёрамонро пешрафта гардонем ва ҳамаи нақшаву ҳадафҳои миллиамонро амалӣ намоем. Дар ин лаҳзаҳои пуршукӯҳи идона бори дигар кулли мардуми сарбаланди ноҳия ва ҳамаи шумо ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ҷашни бузурги 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо зиндагии орому осуда ва барору комёбӣ орзумандам. Ҷашни Истиқлолият ва соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!