Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)
•Апр•20

Ғамхорӣ нисбат ба кӯдакони маҳзун

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Санаи 20 апрели соли 2018 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов бо мақсади саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва баланд бардоштани руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, ҷонибдорӣ аз ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони ятими кулл вохӯрию мулоқоти озоди Раиси ноҳия Салимзода Комил баҳри бедор намудани ҳисси баланди ҳуввияти миллӣ дар ниҳоди ятимон бо ин қишри ҷомеа баргузор гардид.

•Муфассал...•
 
•Апр•18

Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум баргузор гардид

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Санаи 16 апрели соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар Иҷлосияи мазкур яке аз масъалаи мубрами рӯз рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2014 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» дар ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оид ба пешгирӣ намудани ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила фикру мулоҳизаҳои ҷолиб аз ҷониби баромадкунандагон баён гардид.

•Муфассал...•
 
•Апр•13

Ваҳдат амал аст

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Санаи 11 апрели соли 2018 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов семинар-машварати дастурӣ барои муовинони раисони Шӯроҳои шаҳриву ноҳиявии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гардид.

Дар ин чорабинӣ муовини якуми Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Бобоева Мавҷуда Валиевна, Раиси Шӯрои ноҳиявии Ҳаракати ҷамъияти ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Раиси ноҳия Салимзода Комил иштирок ва баромад намуданд.

•Муфассал...•
 
•Сахифаи 1 аз 32•

Роҳбарияти ноҳия

Ноҳия дар расмҳо


Сомонаҳои расмӣ

ҲАМКОРОН

Кормандони мақомот