Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Кӯдакон – ояндаи миллатанд

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Санаи 1 июни соли 2018 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Ҷаббор Расулов Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо шукӯҳу шахомати хоса ҷашн гирифта шуд.

Дар ин чорабинии идона Раиси ноҳия Салимзода Комил иштирок ва баромад намуда, ин санаи некро ҳамчун рӯзи баробариву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакон таъкид намуда, ҳар як кӯдаки ноҳияро самимона табрик намуд.

Ҳангоми чорабинӣ ба 1000 нафар кӯдакон туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва яхмоси ройгон тақдим карда шуд. Инчунин ба мураббияҳои кӯдакистонҳо низ барои фаъолияти софдилонаашон туҳфаҳо аз ҷониби раиси ноҳия супорида шуд.





 

Ноҳия дар расмҳо


ҲАМКОРОН