Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Ободии роҳ

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Мардуми меҳнатқарини ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамеша дар пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони азиз иҷроӣ ва саривақтии Қарору барномаҳои Ҳукумати кишвар, хусусан дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   саҳми арзанда мегузоранд. Алҳол саъю талош баҳри он равона шудааст, ки роҳҳои автомобилгарди байни деҳаҳову ҷамоатҳо пурра мумфарш гардад.

Бо ин иқдом, санаи 6 июни соли 2018 1000,50 метр роҳи кӯчаи ба номи Саидмурод Тошматови ҷамоати деҳоти Гулхона пурра асфалтпӯш карда шуд. Дар оғози кор Раиси ноҳия Салимзода Комил ва сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Ҳусейн Ҳомид ширкат варзиданд.

Санаи 9 июни соли равон бо дастгириҳои пайвастаи Раиси ноҳия Салимзода Комил 0,6 км роҳи ҷамоати деҳоти Сомониён асфалтпӯш гардид.

Инчунин, санаи 9 июни соли ҷорӣ кӯчаи А. Лоҳутӣ ҷамоати шаҳраки Меҳробод низ бо дастгирии Раиси ноҳия Салимзода Комил бо тариқи ҳашар асфалтпӯш карда шуд. Корҳои таъмиру тармим ва азнавсозии роҳҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҷидду ҷаҳд идома дорад.






 

Ноҳия дар расмҳо


ҲАМКОРОН