Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Ифтитоҳи варзишгоҳи хурди “Бунёдкор” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода варзишгоҳи хурди “Бунёдкор” мавриди истифода қарор гирифт.

Варзишгоҳи мазкур, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдухалил Ҷӯраев бо харҷи 400 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст, мутобиқ ба талаботи замони муосир буда, дар он барои гузаронидани мусобиқаҳои гуногун шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Раиси вилоят ифтитоҳи ин варзишгоҳро аз иқдомҳои наҷиби соҳибкорон дар маҳалҳо ва дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карда, қайд намуд, ки ифтитоҳи чунин иншоотҳо боиси рушди соҳаи варзиш гардида, ба тарбияи варзишгарони соҳибистеъдод мусоидат хоҳад кард. Сипас, Раиси вилоят ба гурӯҳи калони наврасон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят дар Ҷамоати шаҳраки Меҳробод бо рафти корҳои сохтмонии кӯдакистони хусусӣ шинос гардид. Тавре иттилоъ дода шуд, фармоишгари иншооти мазкур соҳибкор Бобоҷон Шамсиев ва пудратчии он ҶДММ “Ватан” мебошад. Бинои кӯдакистон аз се ошёна иборат буда, барои 240 нафар пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин иншооти мазкур дорои утоқҳои корӣ, ошхона, толори барҳаво барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун, пешайвон ва майдони бозии кӯдакон мебошад. То имрӯз қисми бештари корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шуда, бино ба системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст карда шудааст.

Пасон Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар Идораи Кумитаи замини ноҳия  шинос гардид. Иттилоъ дода шуд, ки барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинон дар назди Идораи Кумитаи замин утоқҳои иловагӣ бунёд ёфтаву сохтмони толори варзишӣ идома дорад. Тамоми утоқҳои корӣ бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои фаъолияти ҳамарӯзаи кормандон шароити муосид фароҳам оварда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Ноҳия дар расмҳо


ҲАМКОРОН