Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Иштироки Раиси вилоят дар маросими мумфаршкунии роҳҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба мумфаршкунии роҳи кӯчаи ба номи Даврон Самадови ноҳия оғоз бахшид.

Дарозии роҳи мумфаршшаванда 1 километрро ташкил дода, он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз таъмири куллӣ бароварда мешавад.

Зимни суҳбат бо сокинон Раиси вилоят таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси фаъолони вилоят, ки санаи 29-уми июни соли равон доир гашт, фаъолон, соҳибкорон ва тамоми сокинони шарафманди Суғди бостониро ба корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла бунёди иншооти иҷтимоӣ ҳидоят намуданд.

Дар ин раванд бо мақсади амалӣ намудани супоришҳои Пешвои миллат дар вилояти Суғд мувофиқи нақша садҳо иншооти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, роҳҳо таъмиру мумфарш карда мешавад. Ба мумфаршкунӣ фаро гирифтани кӯчаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов аз зумраи чунин корҳо ба ҳисоб меравад.

Сипас, Раиси вилоят ба деҳаи Тоҷикободи ноҳия ташриф оварда, бо дуои пирони рӯзгор ба мумфаршкунии роҳи деҳа оғоз бахшид. Дарозии умумии ин роҳ 1,6 километрро ташкил дода, он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов мумфарш карда мешавад.

Дар идомаи сафари корӣ Раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии “Келдибек”  боздид ба амал оварда, бо нашъунамои пахта шинос гардид. Хоҷагии мазкур дорои 2,16 гектар замин буда, дар 1 гектари он пахта кишт шудааст. Раиси вилоят ба масъулини соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати коркарди саривақтии заминҳо, таъминоти саривақтӣ бо оби полезӣ, коркарди кимиёвии сабзавоту полезиҳо, баланд бардоштани боздеҳи замин, афзунгардонии ҳосилнокӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Ноҳия дар расмҳо


ҲАМКОРОН