Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов соли равон ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони 70 иншоот ба нақша гирифта шудааст

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки рӯзи 29 январ сурат гирифт, ба корҳои сохтмонии майдони Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшид.

Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур дар чаҳорчӯби корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд. Майдони Нишони давлатӣ, ки дар маркази ноҳия ҷойгир аст, дар масоҳати 0,15 га сохта шуда, дар он бунёди фаввораҳои замонавӣ, гулгашту нишастгоҳҳо низ ба нақша гирифта шудааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии ноҳия мебошад.

Хотирнишон бояд кард, ки ба пешвози ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сохтмони 300 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, давоми соли гузашта 92 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтааст. Соли равон низ дар ноҳия сохтмони 70 иншоот, аз ҷумла чанд корхонаи саноатӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳангоми шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони яке аз чунин корхонаҳо - ҶДММ “Органик-ян” иттилоъ дода шуд, ки роҳбарияти ноҳия ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, тасмим гирифтааст, ки соли равон корхонаи ресандагии нави “Органик-ян”-ро мавриди истифода қарор диҳад.

Айни замон корҳои сохтмонии корхонаи мазкур идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани ҶДММ “Органик-ян” даҳҳо нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Тибқи лоиҳа корхонаи ресандагии нави “Органик-ян” метавонад дар як сол то 15 000 тонна нахи пахтаро коркард намояд.

Дар поёни сафари корӣ Раиси вилоят аз Беморхонаи физиотерапевтии вилоятии “Ғӯлакандоз”, аз ҷумла шуъбаи модар ва кӯдак, ки аз таъмири капиталӣ бароварда шудааст, боздид намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




 

ҲАМКОРОН