Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

•E-mail• •Чоп• •PDF•

29 январи соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар намуд.

Боиси зикр аст, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор, ки ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст, корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Фаъолону сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз пойдории сулҳу ваҳдат ва фазои осудаи кишвар дастаҷамъона барои ободии ноҳия заҳмат мекашанд.

Дар оғози сафари корӣ Раиси вилоят сараввал дар Ҷамоати деҳоти Деҳмой ва Ҷамоати шаҳраки Меҳробод рафти корҳои созандагиро мушоҳида намуда, дар ҳашарҳои умумии ниҳолшинонӣ ширкат варзид. Тавре аён гардид, сокинони ноҳия бо риояи анъанаҳои суннатӣ дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Сада маъракаи ниҳолшинониро вусъат бахшида, барои кабудизоркунии муҳити зист саҳми арзанда мегузоранд. Дар ин рӯз дар ҷамоатҳои зикршуда аз тарафи сокинон ва ҷомеаҳои меҳнатӣ наздик 500 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуд.

Пас аз иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси вилоят дар Ҷамоати шаҳраки Меҳробод ба бунёди кӯдакистони хусусии замонавӣ санги асос гузошт. Иншооти мазкур, ки тибқи лоиҳа аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 200 нафар хурдсолон ба кӯдакистон ҷалб карда мешаванд.

Раиси вилоят ҳангоми мулоқот бо сокинони ҷамоат бунёди кӯдакистонро барои тарбияи насли наврас муҳиму саривақтӣ унвон намуда, иқдоми соҳибкоронро намунаи ибрат арзёбӣ кард. Таъкид карда шуд, ки дар 19 кӯдакистони давлатӣ ва 5 кӯдакистони хусусии ноҳия имрӯзҳо ҳамагӣ 3556 нафар хурдсолон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд ва бо бунёди иншооти нав шумораи бештари кӯдакон ба кӯдакистонҳо фаро гирифта хоҳанд шуд.

Сипас, Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳия шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, сохтмони бинои мазкур чанд сол қабл бо тариқи ҳашар оғоз гардида буд. Бо ба таъхир афтодани корҳои сохтмонӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки сохтмони биноро ба итмом расонад. Тибқи лоиҳа бинои маъмурӣ аз 3 ошёна ва 32 утоқи корӣ иборат буда, дорои маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст низ мебошад. Корҳои сохтмониро сохтмончиёни ҶДММ “Кандинвестсохт” бар уҳда доранд.

Раиси вилоят дар аснои шиносоӣ бунёди иншоотро туҳфаи хубе ба кормандони соҳаи маориф арзёбӣ карда, ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати тезонидани суръати корҳо ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмон супоришҳо дод.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилоят ҳамзамон сокини Ҷамоати шаҳраки Меҳробод ва собиқадори хизмати давлатӣ Ӯғулой Амонова ва собиқадори соҳаи кишоварзӣ, сокини Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз Собирҷон Очиловро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






 

ҲАМКОРОН