Точики (Точикистон)Russian (CIS)English (United Kingdom)

Партави некон нагирад ҳар кӣ бунёдаш бад аст…

•E-mail• •Чоп• •PDF•

Имрӯзҳо тавассути васоити ахбори умум оид ба коста гардидани ахлоқи наврасону ҷавонон, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, ифротгароӣ, терроризм, сару садоҳо баланд мешаванд. Дар ҷаҳони муосир ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд мақсаду маром, ғояву андеша нақшаҳои худро амалӣ созанд. Афсӯс мехурем, ки бархе ҷавонони мо хато содир менамоянд ва оқибат пушаймон мегарданд. Ба қавле:

Дар ҷавонӣ ҳосили умрам ба нодонӣ гузашт,

Он чӣ боқи буд он ҳам бо пушаймони гузашт.

Ҳар як ҷавони соҳибақл ба амали кардааш бояд баҳо дода тавонад, моҳияти амалашро дарк кунад ва ба ислоҳшавӣ худашро маҷбур созад. Террорист, терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад ин ба осоиштагӣ, сулҳу субот ва Ваҳдат хатар дорад.  7-уми декабри соли 2015 дар Иҷлосияи сеюми фавқулоддаи Созмони конфронси исломӣ дар Москва, дар суханронии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои милллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст». Ин буд, ки фаъолияти«Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» ҳамчун ҳизби террористию экстремистӣ қатъ гардид.

Воқеан озодӣ яке аз неъматҳои пурарзиши мардум аст. Бо ҳидояти бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ки  ба таҳкими Ваҳдати миллӣ, оромию субот ва ободию пешравии кишвар ноил гардидем.

Аз ин рӯ, барои тарбияи насли худогоҳу худандеш, ватандӯст мо омӯзгорон кӯшиш намоем ва нагузорем, ки нокасе ин ваҳдат, ин ягонагӣ ва ин озодиро халалдор насозад. Ба қавли шоир:

Партави некон нагирад ҳар кӣ бунёдаш бад аст,

Тарбият ноаҳлро чун гирдакон дар гунбад аст.

Дар овони кӯдакӣ ба фарзанд хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, шарму ҳаё, ҷасорат, ватандӯстӣ ва ростқавлиро омӯзонем.

Қурбонов Ф.
Мушовири шуъбаи маорифи
ноҳияи Ҷаббор Расулов

 

Ноҳия дар расмҳо


ҲАМКОРОН